
ТРЕК В ТВОЁМ РИТМЕ
Ман нагуй бо хохиши як бародар
MP304:39320 кбит/с10.73 MB
«Ман нагуй бо хохиши як бародар» — запись Жамолиддин Умаров. Параметры аудио: 04:39, 320 кбит/с. Текст песни и прослушивание собраны на одной странице.
Текст песни
Гар рӯйи ту офтобу
авҷи кайҳон, ман нагӯй.
Чун расад тахти заррин, дуд
Сулаймон, ман нагӯй.
Хок мегардӣ замон, хоксорӣ пеш кун.
Мешавӣ аз кору бори
худ пушаймон, ман нагӯй.
Мешавӣ аз кору бори
худ пушаймон, ман нагӯй.
Соҳил ояд ба даргоҳат, бид як бор донан.
Наздики ӯ худро ғанӣ
бигирифт хандон, ман нагӯй.
Хонаи тори лаҳад моро муқимӣ мешавад.
Ҷони ман бар қабзаи ӯ,
ин қасру майдон, ман нагӯй.
Хонаи тори лаҳад моро муқимӣ мешавад.
Ҷони ман бар қабзаи ӯ,
ин қасру майдон, ман нагӯй.
Ҷони ширин гуфта қурбон мекунӣ ҷону танат.
Ба соҳиби мансаб шавӣ,
ҳампеши ҷонон, ман нагӯй.
Ту ба қадду бозӣ ва
бо паҳлавоният маноз.
Пеши чашми ҷумла одам,
зӯри майдон, ман нагӯй.
Рӯи зебоӣ дорӣ мисли Юсуф дар ҷаҳон.
Ёд кун аз чоҳи тору
кунҷи зиндон, ман нагӯй.
Эй, бадааллоҳ, ту ҳам
ду рӯза меҳмон омадӣ.
Боадаб биншин ва дар назди
бузургон, ман нагӯй.
Ман-маниҳо карда Иблис
рондаи даргоҳ шуд.
Ман-маниҳо карда Иблис
рондаи даргоҳ шуд.
Дур кун ин феъли бад,
монанди шайтон, ман нагӯй.
Эй, дур кун ин феъли бад,
монанди шайтон, ман нагӯй.
Боадаб биншин ва дар назди
бузургон, ман нагӯй.
Гар рӯйи ту офтоб
ва авҷи кайҳон, ман нагӯй.
Эй, гар рӯйи ту офтоб
ва авҷи кайҳон, ман нагӯй.